ВОХӮРИИ СУДМАНД ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи  31 марти соли ҷорӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занону духтарон, пешгирӣ аз падидаҳои номатлуб, одобу рафтори ҷавондухтарон, риояи либоси миллӣ ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023”, пешгирии пошхӯрии хонаводаҳо ва тарбияи нокомили насли ҷадид ва амалигардонии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Нурализода Малика-мудири шуъбаи кор бо занон ва Неъматуллоева Сабоҳат мутахассиси шуъбаи ташкилӣ кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён миёни занону духтарони боғчаи бачагонаи №23-и ҷамоати шаҳраки И. Сомонии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” суҳбату мулоқот ва вохӯриҳои судманд баргузор намуданд.

Дар мулоқот кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ вобаста ба масъалаҳои зикргардида бо кормандону масъулони боғчаи мазкур андешаронӣ намуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботиву ташвиқотӣ бурда, иштирокдоронро барои риоя намудани талаботи қонунҳои амалкунанда раҳнамоӣ намуданд.

Боиси қайд аст, ки мулоқотҳо тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён роҳандозӣ гардида, пайваста атрофи мавзӯъҳои ташаккули худшиносии миллӣ ва мафкураи солимӣ ҷавонон дар мактаби давлатсозии Пешвои миллат, роҳҳо ва воситаҳои пешгирӣ аз ифротгароии динӣ дар ҷомеа ва паёмадҳои манфии сиёсисозии дин ва хатарҳои он барои ҷомеаи имрӯза андешаронӣ карда мешавад.