ОҒОЗИ СОХТМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!”, ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 7-и деҳаи Хурсандии ҷамоати деҳоти Меҳнатобод сохтмони синфхонаҳои иловагии нав мавриди оғоз қарор дода шуд.

Тазаккур бояд дод, ки ин иқдоми хайрхоҳона бо ташаббус ва кӯмаку дастгириҳои мардуми саховатманди деҳаи мазкур бунёд ёфта, корҳои сохтмонӣ ҳамарӯза бо сокинон ва аҳолии деҳа тариқи ҳашари дастаҷамъона вусъат ёфта истодааст.

Бояд гуфт, ки сокинони маҳал азм доранд, ки маблағи даркориро саривақт ҷамъоварӣ намуда, масолеҳи сохтмониро харидорӣ кунанд ва ҳарчи зудтар синфхонаҳои иловагиро пурра сохта рангу бор намуда, ба истифода диҳанд.

Бунёди синфхонаи иловагӣ бо мақсади беҳтар намудани шароити таълиму тарбияи насли наврас мусоидат намуда, хонандагон баъди ба истифода додани синфхонаҳои иловагӣ метавонанд аз он васеъ истифода намоянд. Ҳамзамон ин имкони кам кардани норасоии ҷойи нишаст дар муассисаи мазкур мегардад ва туҳфаи хубе ба хонандагону омӯзгорони муассиса мебошад, ки барои синфҳои ибтидоӣ дар назар дошта шудааст.

Боиси қайд аст, ки дар сохтмони синфхонаҳо сокинони деҳаи Хурсандӣ махсусан директор ва омӯзгорони муассиса, саҳми бевоситаи худро гузошта, пойдевори синфхонаҳо аз ҷониби онҳо бо роҳи ҳашар оғоз гардида, корҳо дар ин самт идома доранд.