“РӮЗИ ЁДОВАРӢ” АЗ ҶОНИБИ СОКИНОНИ ДЕҲОТ ДАСТГИРӢ ЁФТ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён, бо ҷалби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, аъзоёну ҷонибдорони ҳизб ва сокинони маҳал, ки дар маҷмӯъ 88 нафарро ташкил медод, ҷиҳати амали намудани амалиёти умуми вилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рӯзи ёдоварӣ» дар оромгоҳи деҳаи Пахтакори ҷамоати деҳоти Заргар баргузор гардид.

Дар чорабинии ҳизбӣ сокинон ба ҳашари дастаҷамъона баромада, дохил ва атрофи оромгоҳи деҳаи худро аз алафҳои бегона ва растаниҳои худрӯй тоза карда, зери дарахтонро нарм намуданд.

Дар охири амалиёт кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо иштирокдорон мулоқот доир намуда оиди масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ карданд. Ҳамзамон масъулини ҳизбӣ ба сокинон ҷиҳати дастгирии амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ” минатдории хешро иброз намуданд.