ТАШАББУСҲОИ АЪЗОЁНУ ҶОНИБДОРОНИ ҲИЗБ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 27 феврали соли 2023 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва кабудизоркунӣ ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” дар муассисаи таълимии №54-и деҳаи Варашилови ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён, бо ташаббусу дастгириҳои аъзоёну ҷонибдорони ҳизб, директори муассисаи мазкур маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид, ки беш аз 150 адад ниҳоли мевадиҳанда аз қабили тут, олича, зардолу ва ниҳоли сузанбарг шинонида шуд.

Дар ин ҳашари дастаҷамъона роҳбарияти муассисаи таълимӣ масъулину кормандони марбутаро вазифадор намуд, ки корҳои ободониву кабудизоркуниро боз ҳам тақвият бахшанд. Масъулинро зарур аст, ки маъракаи ниҳолшинониро вусъат бахшида, барои хуррамгардонии муҳити зист аз тамоми имкониятҳо истифода баранд.

Таъкид карда шуд, ки барои сарсабзу хуррам ва ободу зебо нигоҳ доштани муҳити зист ҳар як нафар масъул буда, сокинони ин деҳа тасмим доранд, ки чун ҳарвақта дар мавсими имсолаи ниҳолшинонӣ низ фаъолона иштирок намуда, дар ободониву хуррамгардонии ҳар як гӯшаву канори ноҳияамон саҳми арзанда гузоранд.