ШАҲОДАТНОМАИ ҲИЗБӢ ИФТИХОРИ МАН

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Шаҳодатномаи ҳизбӣ яке аз ҳуҷҷати асосии ҳар як аъзои ҳизб ба шумор меравад. Аз ин рӯ ҳар як аъзои ҳизб барои тозаву озода ва бо тартибу низоми муайян нигоҳ доштани шаҳодатномаи ҳизбӣ масъул аст.

Санаи 20.02.2023 бо мақсади баланд бардоштани масъулияти ҳар як аъзои ҳизб ва бо ин васила муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар доираи Амалиёти ҳизбӣ таҳти унвони “Шаҳодатномаи ҳизбӣ – ифтихори ман” кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён ”-и муассисаи таълимии 39-и ҷамоати Сарвати Истиқлол вохӯрӣ баргузор намуданд.

Зимни вохӯрӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, Собиров Д мудири шуъбаи кор бо ҷавонон иштирок ва суханронӣ намуда, дар баромади хеш иброз намуд, ки ҳадафу мақсадҳое, ки ҲХДТ назди худ гузоштаву амалӣ менамояд, хостаҳои дили кули мардуми кишварро ифода мекунад.

Ҳамзамон дар вохурӣ Собиров Д бо иштирокдорон, зимни суханронӣ ҷиҳати муайян намудани мавҷудияти шаҳодатномаи ҳизбӣ, инчунин сари вақт пардохт кардани ҳаққи узвият, тақвият бахшидани тарзи дурусти ҳуҷҷатгузории ҳизбӣ, суханронӣ намуда дар фарҷом ба якчанд кормандони ташкилоти мазкур, ки бори аввал ба аъзои ҳизб қабул шуданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим намуданд.