ОЗМУНИ «ТОҶИКОН»-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ» ЭҲЁИ ҲОФИЗАИ ТАЪРИХӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат», ки оғози баргузории он дар моҳи феврали соли 2023 ба ифтихори 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров ба нақша гирифта шудааст, аз ташаббусҳои Роҳбарияти Олии давлату миллати тоҷик мебошад ва мақсади ин озмун асосан арҷгузорӣ ба таърихи миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Омӯзиши корномаҳои ниёгон, комил намудани эҳсоси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ба таври бештар шинохтани нақши миллати тоҷик дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ ва амсоли инҳо низ аз ҳадафҳои озмуни мазкур мебошанд.

Кайд бояд кард, ки дар озмун аҳолии кишвар, аз ҷумла, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, шунавандагони муассисаҳои таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, аспирантон, унвонҷӯён ва докторантҳо, ходимони илмӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (ба истиснои омӯзгорони фанни таърихи ҳамаи зинаҳои таҳсилот, олимону муҳаққиқони соҳаи таърих), докторони илм (анъанавӣ), узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва академияҳои соҳавӣ) иштирок карда метавонанд.

Бо ҳамин мақсад санаи 06.02.2023 дар муассисаи таълимии №71-и ҷамоати Заргари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”-и ноҳияи Кӯшониён миёни хонандагон омодагиҳо барои иштирок дар озмун рафта истодааст. Хонандагон бо як шавқу завқи баланд мутолиаи китоб намуда, ба ин озмун тайёрии ҷиддӣ дида истодаанд. Барояшон муваффақиятҳои беназир хоҳонем!