САҲМИ БЕАНДОЗА ГУЗОШТАН ДАР КОРҲОИ СОЗАНДАГИВУ ОБОДКОРӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳифз  намудани табиат ва тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи ташкилотҳо, муассисаҳо ва коргоҳҳо ба худи инсон вобастагии комил дошта, қарзи ҳамешагии шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад.

Бо мақсади татбиқи нақша чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади бунёди гулгашту хиёбонҳои нав баён доштанд, ки рӯзҳои шанбе маъракаҳои ҳашар-шанбегӣ ташкил намуда ҷиҳати анҷом додани корҳои созандагӣ,  ободкорӣ  ва  сарсабзу  хуррам  гардонидании ҳар як гӯшаву атроф саҳмгузор бошанд.

Ба ҳамин хотир кормандону омӯзгорони  ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” бо  мақсади иҷроиши  нақшаи  чорабиниӽо дар  самти  корӽои  ободонӣ  ва  сабзу  хуррамгардонӣ  дар муассисаи таълимии №19-и ҷамоати шаҳраки Бохтарён шанбегӣ доир намуданд. Бояд қайд намуд, ки кормандону омӯзгорони ин муассиса бо як рӯҳияи баланди ватандӯстӣ барои ба тартиб даровардани дарахтони сояафкану мевадиҳанда,  тозаву  озода  намудани  гузаргоӽӽои  дохиливу берунӣ  ва  гирду  атрофи  муассиса, нарм намудани заминӽову канори дарахтон дастаҷамъона заҳмат кашида, баҳри зебою хуррамгардонии гирду атроф ва барои боз ҳам зеботар намудани коргоҳи худ пайваста саҳми арзандаи худро мегузоранд.