ДАР ТОЗАГӢ САҲМИ БОСАЗО МЕГУЗОРЕМ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Боришоти зиёди барф дар шабонарӯзи охир дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён боиси сар задани мушкилоти зиёде миёни аҳолӣ гардид. Дар ин рӯзҳои сербарф мушоҳида мекунем, ки пиёдагардон бинобар сабаби ях бастану лағжонак шудани роҳу пайроҳаҳо бо мушкилӣ рафту омад мекунанд ва ҳолатҳои афтидану осеб бардоштани одамон ба мушоҳида мерасад. Барои бартараф кардани ин мушкилот аз ҷониби масъулону кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён тоза намудани роҳравҳоро аз барф ва бехатарии онро барои шаҳрвандон таъмин намуданд.

Кормандони Кумитаи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён чун ҳамешагӣ дар ин маърака пешсаф буданд. Баробари ташкил намудани ҳашари барфтозакунӣ худи онҳо низ якдилона ба ҳашар баромада, саҳни бинои ҳизб ва роҳравҳои назди биноро аз яху барф тоза карданд, то ҳар як роҳгузар, ё шахси ба идораи ҳизб омада бемамониат гузашта тавонад. Ин ташаббуси кормандони ҳизбро дида, ташкилоту идораҳои ҳамсоя низ ба ҳашари онҳо пайравӣ намуданд. Дар натиҷа роҳравҳои кӯчаи марказии ноҳия барои таъмини бехатарии пиёдагардон дар роҳравҳо бо роҳи тозакунӣ ва пошидани маводи зидди лағжиш (қум ва намак) пошида аз барфу ях тозаю озода гашт, то ки мардум тавонанд озодона гаштугузор намуда, аз ҳавои форами зимистон ҳаловат баранд.