ВУСЪАТИ ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Санаи 10.01.2023 вобаста ба мавсими мусоид ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён”-и ноҳияи Кӯшониён бо мақсади тадбирҳои солимгардонии муҳити зист тавассути кабудизоркунӣ ва сарсабзу зебо гардонии ҳар як гӯшаи ватани азизамон бо иштироки аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён тариқи ҳашари дастаҷамъона маракаи шинонидани дарахтони ҳамешасабз баргузор гардид.

Бояд гуфт, ки арча дарахти рӯшноидӯст буда, ба шароити хушкӣ ва хунукӣ ниҳоят тобовар мебошад. Аз ин ҷост, ки арча ҳатто метавонад дар заминҳои регзор, оҳаккӯҳ, тарқиши шахҳои урён, пастхамиҳои кӯҳсор низ нашъунамо кунад. Арча ба сармои қаҳратун низ тоб оварда, ба ин мақсад аввали баҳор дар ниҳолхонаҳо (ё парвардахонаҳо) тухмашро мекоранд. Дар шароити мусоид тақрибан пас аз як моҳ тухм неш зада, ба сабзиш шурӯъ намуда, дар давоми се чор соли парвариш ниҳоли
навраси сарв то як метр қад мекашад ва онро ҷиҳати кабудизор намудани гулгашту хиёбонҳои шаҳру деҳоти ватанамон ба ҷои доимии мувофиқ мешинонад.

Чунин тадбирҳои сабзкориву кабудизоркунӣ дар муассисаи таълимии №52-и деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён бомақсади сабзу хуррам намудани гирду атрофи  муассиса  тариқи ҳашар, зиёда аз 45 тан дарахти ҳамешасабзи арча шинонида шуд.

Бояд гуфт, ки мавсими ҷорӣ бо ташаббусу дастгирии коллективи омӯзгорон вусъат ёфта, кормандони касбу кори гуногун ва хонадагони муассисаи мазкур ба шинонидани дарахтони ҳамешасабзи арча оғоз бахшиданд.

Чунин иқдомҳои ободонӣ дар ҳудуди ноҳия ҳамарӯза идома дошта, симои онро бозҳам  зебову  назаррабо намуда истодааст.