ТАШАББУСКОРИҲОИ АЪЗОЁНУ ҶОНИБДОРОНИ ҲИЗБӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён бо сокинони деҳаи Лермонтови ҷамоати шаҳраки Бустонқалъа ва масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ корҳои таъмиру барқарорсозии роҳҳои ташкилоти ибтидоии “Бустонқалъа”-ро, тариқи ҳашари дастаҷамъона дар масофаи 500 метр сангфарш  намуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки роҳи ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи Лермонтови ҷамоати шаҳраки Бустонқалъа якчанд роҳи деҳаҳои дигарро ба ҳам пайваста заҳмати бевоситаи сокинони деҳа дар ободу зебо гардонидани маҳалли зисташон  назарас аст.

Дар ин радиф раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Бустоқалъа” Давлатов Қурбон қайд намуд, ки имрӯзҳо ҳар як сокини кишварро зарур аст, ки дар корҳои созандагии маҳалли худ, махсусан аз хонаи худ сар карда то ба  ҷойҳои ҷамъияти саҳмгузор бошанд.

Ин аст, ки мо ба масъалаи бунёди роҳҳои нав ва таъмиру таҷдиди роҳҳои мавҷуда таваҷҷуҳи хоса ва доимӣ зоҳир менамоем. Ин амали созандагиву бунёдкории сокинони деҳаи Лермонтов боиси хушҳолии хурду калон гардида намунаи ибрати дигарон хоҳад шуд.

Боиси қайд аст, ки чунин ободкориҳову созандагиҳо боис гардид, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ҳазорҳо километр роҳҳои мошингард азнавсозӣ ва таъмиру тармим ва даҳҳо километр нақбҳои мошингузар ва садҳо пул бунёд гардида, имрӯз мушкилоти рафтуомади сокинону меҳмонони кишвар ва ҳамлу нақли молу маҳсулотро аз як минтақа ба минтақаи дигари мамлакат бамаротиб осон гардонад.