ҒАМХОРӢ НИСБАТИ САРБОЗОНУ АФСАРОНИ ҚИСМИ НИЗОМӢ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 18 декабри соли 2022 узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, раиси ноҳияи Кӯшониён муҳтарам Вализода Икромиддин Сироҷиддин дар якҷоягӣ бо Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона Шералӣ аз шароит ва буду боши афсарону сарбозони қисми низомии 07017-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия дидан намуданд. Меҳмонони олиқадр нахуст аз китобхона, ошхона, хобгоҳ ва ҷои таълимии сарбозон дидан намуда, баъдан дар майдони қисми низомии мазкур бахшида ба фарорасии Соли нави мелодӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор намуданд.

Нахуст, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро тамоми иштирокчиёни чорабиниро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус аз номи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фарорасии Соли нави мелодӣ шодбош намуда, қайд намуданд, ки хизмат дар Артиши миллӣ шараф буда, аз ҳар як сарбози қатори даъват ба амал оварданд, ки хизмати Ватан-Модарро содиқона ба ҷо оварда, дар ҳифзи марзу буми кишвар саҳмгузор бошанд. Миннатдории худро ба роҳбарияти қисми низомӣ барои шароити мусоид фароҳам овардан ба сарбозон баён намуданд.

Дар сухани табрикотии худ раиси ноҳия муҳтарам Вализода Икромиддин Сироҷиддин ташрифи меҳмонони гиромиро ба қисми низомӣ ва ноҳия хайрамақдам гуфта, қайд намуданд, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои самарабахш аз ҷониби роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷузъу томҳои кишвар дар як муддати начандон тӯлонӣ қавӣ гашта, барои ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва дастовардҳои истиқлолияти кишварамон омодаи хизмат гардиданд. Дар фарҷоми суханронӣ раиси ноҳия ҳамаи иштирокчиёни чорабиниро бо ҷашни Соли нави мелодӣ табрик намуда, ба ҳамагон тансиҳативу хонаободӣ, рӯзгори неку осоишта, барори кор ва ба кишвари маҳбубамон -Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр сулҳу оромии ҷовидониро орзу намуданд.

Дар охир якчанд нафар сарбозони қисми низомӣ ва ҷавонон суханронӣ намуда, барои шароити мусоид фароҳам овардан баҳри хизмати Ватан-Модар миннатдории самимии худро ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.

Аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба қисми низомӣ маводҳои хӯрока, ба сарбозону афсарон бошад, туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд.

Дар чорабинии идона хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии ноҳия ва модарони сарбозон иштирок доштанд.

Хотири меҳмонону сарбозонро бо барномаи рангини худ ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия болида гардониданд.