КӮМАКҲОИ ХАЙРХОҲОНА АМАЛИ ХАЙРУ САВОБ АСТ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар арафаи иду ҷашнҳо расонидани кӯмак ба оилаҳои эҳтиёҷманд, маъюбон ва бепарастарон имрӯзҳо ба ҳукми анъана даромадааст.

Дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бахшида ба 28-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ як зумра чорабиниҳои сиёсӣ, маҷлимҳои тантанавӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва аксияву кӯмакҳои хайриявӣ баргузор шуда истодааст.

Ин навбат дар таърихи 8-уми декабри соли равон бо мақсади дастгирию кӯмак ба оилаҳои ниёзманд корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо намояндагону масъулони ташкилоти ибтидоии «ЭМНДЭС» ва «Марказ таъминоти озуқаворӣ» дар ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонӣ оилаҳои ниёзмандонро аёдат намуда, кӯмакҳои яквақтаина расониданд.

Расонидани кӯмак ва дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманд, аз ҷумла маъюбон, ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхории Пешвои миллат қарор дошта, минбаъд низ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён барои дастгирии иҷтимоии қишрҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ кӯмакҳои хайрхоҳона бо ҷалби шахсони хайрхоҳу саховатпеша тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.