КӮМАКҲОИ ХАЙРХОҲОНА АМАЛИ ХАЙРУ САВОБ АСТ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар арафаи иду ҷашнҳо расонидани кӯмак ба оилаҳои эҳтиёҷманд, маъюбон ва бепарасторон имрӯзҳо ба ҳукми анъана даромадааст.

Дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бахшида ба 28-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ як зумра чорабиниҳои сиёсӣ, маҷлисҳои тантанавӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва аксияву кӯмакҳои хайриявӣ баргузор шуда истодааст.

Дар таърихи 7-уми декабри соли равон Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин, раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин Сироҷиддин ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар ҷамоатҳои деҳоти Сарвати Истиқлол ва Меҳнатобод оилаҳои сарбозони шаҳидгашта, сарбози бемор, як нафар маъюб ва ниёзмандонро аёдат намуда, кӯмаки яквақтаинаи моддиву молиявӣ расониданд.

Ҳамзамон, ба як нафар маъюби гуруҳи якум Арбобова Омина аробачаи маъюбӣ дастрас карда шуд. Минбаъд низ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён барои дастгирии иҷтимоии қишрҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ кӯмакҳои хайрхоҳона бо ҷалби шахсони хайрхоҳу саховатпеша сафарбар карда мешаванд.