АМАЛИЁТИ РӮЗИ ЁДОВАРӢ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақшаи муштарак ҳар якшанбеи охири моҳ, ҳашари умумивилоятии “Рӯзи ёдоварӣ” оид ба тоза намудани қабристонҳо ва гирду атрофи он ташкил карда мешавад.

Аз ҷониби ниҳоди ноҳиявии ҳизб дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои дахлдори соҳа дар як қатор қабристонҳои ҳудуди ноҳия Аксияи мазкур ташкил карда шуд. Аз ҷумла дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Бохтариён деҳаи Қовунтеппа ҳашари умумӣ ташкил карда шуд.

Дар рафти ҳашар эмомхатибон, раисони кумитаҳои маҳал, собиқадорони ҳизб, мутахассисони корҳои дин дар ҷамоат иштирок намуда, дохил ва атрофи оромгоҳ тоза карда шуд.