ОБОДКОРӢ ВА БУНЁДКОРӢ МАРОМИ МОСТ!

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, роҳҳо ва майдонҳои ҳудуди ноҳияи Кӯшониён ҷиҳати фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагиву бунёдкорӣ, тозагии ҳифзи муҳити зист маъракаи "ШАНБЕГӢ" дар кӯчаву хиёбонҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ҳашарҳои умуми ноҳиявӣ баргузор гардида истодааст.

Бо ҳамин мақсад кормандону масъулини муассисаи таълимии №42 дар асоси дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти ноҳия шанбегӣ доир намуда, сокинони деҳа омодаанд дар тозаву озода намудани маҳалли зист ва созандагиву бунёдкории Ватани азизамон саҳми арзанда гузоранд.