ТАШАББУСҲОИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “МАОРИФЧИЁН”

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар колективи омӯзгорон ва масъулини муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳия Кӯшониён вобаста ба ташаббуси нави ҳизбӣ “Роҳ ба сӯи маориф”, оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ ва дар бораи нақшаи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  дар ду бахш - «Соати сиёсӣ» ва «Мактаби ман» роҳандозӣ карда шудааст ҷамъомад баргузор карда шуданд.

Инчунин дар рафти ҷамъомад омӯзгорон доир ба тарбияи ҷавонон ва насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ, ҷалби онҳо ба озмунҳои “Фӯруғи субҳи донои китоб аст” ва “Илм фӯруғи маърифат” инчунин донишомӯзиву касбинтихобкунӣ, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, мубориза бар зидди гурӯҳҳои хатарзои террористиву экстремистӣ ва дигар мавзӯҳои мубрами рӯз ибрози андеша намуданд.