ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГИРО БОЯД САМАРАНОК ИСТИФОДА БУРД!

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба самаранок истифода бурдани заминҳои корами назди ҳавлигӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён гурӯҳи кори бо усули хона ба хона корҳои фаҳмондадӣ ва таблиғотиро дар деҳаи Зарнисори ҷамоати деҳоти Меҳнатобод ташкил намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ шоҳиди он гаштанд, ки сокинони деҳаи мазкур дар заминҳои наздиҳавлигии худ кишти зироатҳои карам, сабзӣ, шалғам, турб ва кабудиҳоро ба роҳ мондаанд.

Зимни вохӯрӣ, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ҷиҳати самаранок истифода намудани заминҳои корами наздиҳавлигӣ, ду ва ё се маротиба руёнидани ҳосил, кишти такрорӣ, захираи маводҳои хӯрока ва таъмини амнияти озуқавории ҳар як оила миёни сокинони деҳаи мазкур суҳбатҳои судмандро ба роҳ монданд.