ҚАДРДОНИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ БО МУКОФОТПУЛИҲО

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар арафаи иду ҷашнҳо қадрдонӣ намудани фаъолон ва шахсони бонуфуз ба ҳукми анъана даромадааст. Ба истиқболи ҷашни 28-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён” Ғуломов Д ва мудири кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Собиров Д омӯзгорону кормандони муассисаи талимии №1-ро бо ин рӯзи фараҳ табрику муборакбод намуда, оид ба Конститутсия ва санади сарнавиштсози мииллӣ  баромаду суҳбатҳо намуданд.

Дар фарҷом баҳри ба назар гирифтани фаъолияти кории чандинсолаи омӯзгорони собиқадору фаъол ва занону ҷавонони муассисаи мазкурро ба назар гирифта онҳоро бо мукофотпулиҳо қадрдонӣ намуданд.