ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ ВА КАБУДИЗОРКУНӢ ИДОМА ДОРАД

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Вобаста ба мавсими мусоид дар ноҳияи Кӯшониён тадбирҳои солимгардонии муҳити зист тавассути кабудизоркунӣ ба анҷом расида  истодааст.

Мавсими ҷории кабудизоркунӣ тибқи нақша дар ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъа оғоз гардида, дар тадбирҳои сабзкорӣ сокинон ва кормандони  касбу  кори гуногун ҳиссагузорӣ намуда, ба шинонидани дарахтон ҳусни оғоз бахшиданд.

Сипас, дар маъракаи дастаҷамъонаи ниҳолшинонӣ зиёда 100 ниҳол дарахти ҳамешасабз шинонида шуд.

Чунин иқдомҳои ободонӣ дар ҳудуди ноҳия ҳамарӯза идома дошта, симои онро боз ҳам  зебову  назаррабо намуда истодааст.