КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР МАҲАЛУ ДЕҲОТ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо намояндагони ҷамоати шаҳраки Бустонқалъа гурӯҳи кори бо усули хона ба хона корҳои фаҳмондадҳӣ ва таблиғотиро дар деҳаи Боғпарвари ҷамоати шаҳрак роҳандозӣ намуданд.  

Зимни вохӯрӣ, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ҷиҳати даъвати саривақтии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, тозагии ҳифзи муҳити зист, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, самаранок истифода намудани заминҳои корами наздиҳавлигӣ, ду ва ё се маротиба руёнидани ҳосил, кишти такрорӣ, захираи маводҳои хӯрока барои зимистонгузаронӣ ва таъмини амнияти озуқавории ҳар як оила миёни сокинони деҳаи мазкур суҳбатҳои судмандро ба роҳ монданд.