АЁДАТИ  МУҲОФИЗОНУ ФИДОИЁНИ ХАТИ ҶАНГ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади аёдат намудани оилаҳои сокинони ноҳияи Кӯшониён, ки фарзандонашон дар муноқишаи сарҳадӣ бо давлати Қирғизистон баҳри ҳимояи хоқи ватан ҷон бохтаанд, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон Шодиён Муҳаммад Султонзода, Раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин Сироҷиддин ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона ҷиҳати  ҳамдардӣ баён намудан  ба хонаҳои онҳо ташриф оварданд.

Вакили мардумӣ Шодиён М.С ба волидони  шаҳидони Ватан баҳри ба камол расонидани чунин фарзандони ҷоннисори миллат, ватандӯст, содиқ изҳори сипос ва ҳамдардӣ баён намуданд. Ҳамзамон, зимни вохӯрӣ изҳор доштанд, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан қарзи инсонӣ ва шарафи бузург барои ҳар як ҷавонмарди ин Ватан мебошад.

Баъдан, волидони ҷавонони дар роҳи Ватан шаҳид гардида аз дастгириҳои Роҳбарияти олии мамлакат ва ноҳия изҳори қаноатмандӣ намуданд. Онҳо иброз доштанд, ки ҳарчанд фарзандашон аз олам гузашта бошанд ҳам, вале ҷон додан дар роҳи ҳифзи марзу бум шарафи бузург дар назди халқ ва миллат мебошад.

Қаҳрамонон ҳаргиз намемиранд.  Онҳое, ки баҳри ҳимояи Ватан ҷон бохтаанд, қаҳрамонони зиндаёди тоҷикистонӣ мебошанд. Амалҳои ҷавонмардонаи онҳо боиси ибрати дигар ҷавонони далеру шуҷои ватандӯст гардида, баҳри насли ҷавон ва ояндагон ҳамчун дарси шуҷоату мардонагӣ боқӣ хоҳад монд.