ТАЪСИСИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "МАКТАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ"

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси банди 4.5-и Оинномаи Ҳизби Демократии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён зарур шуморидааст, ки дар Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ” барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон  ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис диҳад.

Тибқи тартиб дар маҷлиси васеи кормандони муассиса, ки санаи 13.10.2022 баргузор гардид, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона иштирок намуда, бо пешниҳоди аъзоёни ҳизб ташкилоти ибтидоӣ бо номи “Мактаби Президентӣ” таъсис дода шуд.

Бо пешниҳоди аъзоёну ҷонибдорон Қодири Илҳом раиси ташкилот ва Қаюмов Файзалӣ котиби ташкилоти ибтидоии “Мактаби Президентӣ”-и ноҳияи Кӯшониён интихоб гардиданд.

Вобаста ба фаъолияти ташкилот ва амалӣ намудани Аксияҳои ҳизбӣ таҳти унвони "ЯКҶОЯ МЕСОЗЕМ" муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Асроров Саидшо маслиҳатҳои муфид дода, таъкид намуд, ки баҳри бештар намудани аъзоён аз ҳисоби кормандони нав ба кор таъин шуда чораҳои зарурӣ андешанд.