Забон ҳастии миллат ва нишонаи олии давлатдорист

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Таҷлили “Рӯзи забон”-и давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фазои идона дар миёни коллективи омӯзгорону донишомӯзони муассисаи таълимии №10-и ноҳия баргузор гардид.

Роҳбари муассисаи мазкур ҳамаи иштирокчиёнро бо иди “Рӯзи забон”-и давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, қайд намуд, Забон аслан ҳастии миллат ва нишонаи давлатдории миллии ба ҳисоб рафта, симо ва пайкараи миллати мо мебошад.

Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангию маърифатӣ дар васфу ситоиши забон аз ҷониби донишомӯзон ба ҳозирин пешкаш карда шуд.