Забон пайвандгари наслҳост!

Кушониён:  

Дар Кохи фарҳангии ноҳияи Кӯшониён бахшида ба Рӯзи забон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур кормандони ташкилотҳои ибтидоии ноҳия фаъолона иштирок намуданд.

Зимни чорабинӣ Раиси ноҳияи Кӯшониён муҳтарам Вализода С. баромад намуда, оид ба мақому манзалати забони тоҷикӣ, тозаву покиза ва беолоиш истифода бурдани забон, омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва забони давлатӣ рамзи давлат аст суханронӣ намуданд.

Сипас, аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия кампазитсияи адабии “Забони тоҷикӣ симо ва пайкари миллати мо” пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангию фароғатӣ “Ҷовидон бод забони модарӣ” баҳри болидагии хотири ҳозирин танинандоз гардид.