Вохӯрӣ бо сокинони маҳаллӣ

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар якҷоягӣ бо сармуҳарири рӯзномаи “Кӯшониён” бо сокинони деҳаи Обшорони ҷамоати деҳоти Заргар вохӯрӣ баргузор намуданд.

Зимни мулоқот доир ба мавзӯъҳои даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, огоҳонидани сокинон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои хатарзо, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, риояи қонунҳои миллӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ  намуданд.