Дӯст доштани забон - ин дӯст доштани Модар, Ватан ва таъриху фарҳанги худ аст

Кушониён: Андеша  

Ҳамасола, дар кишвари мо рӯзи 5 - уми октябр ҳамчун "Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷашн гирифта мешавад.

Забони тоҷикӣ таърихи чандҳазорсола дорад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби роҳбарияти давлат ба рушду такомули забони давлатӣ бо такя ба гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дӯст доштани забон - ин дӯст доштани Модар, Ватан ва таъриху фарҳанги худ аст» таваҷҷуҳу ғамхории зиёде зоҳир карда мешавад.

Забон яке аз унсурҳои асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ буда, пас аз гузаштани асрҳои зиёд ҳувияти миллӣ ва давлатии худро тақвият бахшида, чун забони илму адаб ва фарҳанги ғании тоҷикон аҳамияти ҷаҳониро соҳиб гаштааст.

Забони давлатӣ, бешубҳа, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи куҳанбунёди тоҷик мебошад. Хидматҳои Пешвои миллат дар рушду такомули забони тоҷикӣ ва пуштибонии Сарвари мамлакат дар ин ҷода басо калон буда, моро зарур аст, ки ба забони модарии хеш эҳтиром гузошта, барои ҳифзу рисолати он ҳиссагузор бошем, зеро эҳтирому гиромидошт ба ҳар халқу миллат маҳз аз забони ӯ оғоз меёбад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ дар Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳангоми ироаи Паёмҳои маъмулии хеш ба масъалаи забон рӯ оварда, ба таҳлили бисёр омилҳое пардохтаанд, ки дар сурати дар амал татбиқ гардидани онҳо мавқею нуфузи забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ва забони илм дар ҳамқадамӣ бо замон боз ҳам тақвият меёбад.

Агар Исмоили Сомонӣ ҳамчун асосгузори аввалин давлати тоҷикон ва ҳомии забон, илм, маърифат, маданият, фарҳангу адаби миллати тоҷик маъруф гашта бошад, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бузургтарин абармардони таърих аст, ки на танҳо давлати навини тоҷиконро дар шароити ниҳоят мураккаб ва фоҷиабори ҷанги таҳмилии дохилӣ, парокандагии миллӣ, рақобати шадиди геополитикӣ асос гузошт, балки дар роҳи эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллӣ − таърих, забони модарӣ, маданият, фарҳанг, фидокориҳои бемисл нишон дод. Бо ибораи дигар, баробар бо наҷоти миллат, нақши наҷотбахши забони ӯро низ ба ҷо овард.

Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамватанони азизро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ, яъне воситаи муҳимтарини муаррифии таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик табрик гуфта, ба ҳар як хонадони мардуми тоҷик суботу оромӣ, сулҳу осоиштагӣ ва рӯзгори босаодатро орзу менамоям.

Рӯзи Забони давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

 

Манучеҳр Бобомуродов, мудири шуъбаи молия- сармуҳосиби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён