Ифтихори ман забони тоҷикист

Кушониён: Андеша  

Забон яке аз нишонаҳои асосии давлату миллат мебошад.Мо тоҷикон бо забони модарии худ ифтихор мекунему шукронаи онро дорем, ки чунин забони шевою гуворо, нобу пок ва бою ғанӣ дорем.

Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадима буда, дар тули ҳазорсолаҳо арзи ҳастӣ дошту соҳибонаш шеър мегуфтанд, асарҳо эҷод кардаанд ва миллати тоҷику забони онро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамудаанд.

Пойдевори давлату миллат аз бақои забони он вобастагӣ дорад. Забон ҳам мисли Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ яке аз муқаддасотҳои давлат ба шумор меравад. Таърих собит намудааст, ки пойдории ҳар як давлату миллат, пеш аз ҳама аз пойдории забони миллӣ вобаста мебошад.Забони тоҷикӣ дар масири таърих борҳо зери фишор қарор гирифта бошад ҳам, аммо аз байн нарафт ва асолати хешро то имрӯз ҳифз намудааст.

Бояд қайд намуд, ки аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди забони забони давлатӣ ва мақому манзалати он тадбирҳои муҳим андешида шуданд. Аз ин ҷост, ки забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт ва дар паноҳи давлат қарор гирифт. Таваҷҷуҳ ба забони тоҷикӣ нишони дарки баланди худшиносии миллии бузургону гузаштагонамон арзёбӣ мешавад.

Дар 31-соли Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон ин забон бори дигар обрӯву нуфузи худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон умри забонро ба умри миллат вобаста дониста, дар мақоми давлатӣ гирифтани он саҳми босазо гузоштанд. Аз ҷумла, дар суханрониҳояшон қайд намудаанд, ки: ”Забон дар ҳама давру замонҳо барои муаррифии миллат рукни муҳим ва муқаддас ба шумор рафта, поку беолоиш нигоҳ доштани он вазифаи ҳар як соҳибзабон ва шахси ватандӯст мебошад.

Мо бояд талош намоем, ки забони тоҷикӣ ҳамеша ҳамин гуна нуфузу мақом дошта, асолати худро ҳифз ва ба халқи азизамон хизмат намояд”.

Гиромидошти забон дар замони Истиқлолияти давлатӣ ва хизматҳои мондагори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар паноҳи давлат қарор додани забони модариамон дар ниҳоди ҳар як шахс ҳисси ифтихори миллиро меафзояд.

Бо ифтихор мегуем,ки ин забону ин миллат пуштибону ҳомии худро пеш аз ин дошт ва имрӯзу фардо ҳам дорад. Аз ин ҷост,ки ин дурри гаронбаҳои хешро аз вожаҳои бегона эмин дорем ва онро ба ояндагон ба мерос монда, саҳми ватандӯстонаи худро гузорем.

 

 Дилфуза Гадоева Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ХХДТ дар н. Кушониён