МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ!

Қубодиён:  

Дар асоси нақшаи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Даво» бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Ваҳобиддин маҷлиси ҳисоботӣ-итихоботӣ баргузор гардид. Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Даво», Наубатов Неъматулло кушода, оид ба фаъолияти такшилот аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ҳисобот дод.

Сипас раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Ваҳобиддин дар назди ҳозирин баромад намуда, натиҷаи фаъолияти ташкилоти ибтидоии «Даво»- ро аз рӯи ҳисоботи роҳбари ташкилот қаноатбахш ҳисобида, барои боз ҳам беҳтару хубтар намудани тарзу усули ҳуҷатгузорӣ, сари вақт пешниҳод намудани ҳисоботҳои оморӣ, пардохти ҳаққи узвият, қабул ба сафи ҳизб, тартиб додани ҷузвдонҳо ба роҳбари ташкилоти ибтидоӣ маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар поёни маҷлис раис ва муовини ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Даво», аз нав интихоб гардид.