С У Л Ҳ И Д Е Р И Н Т И З О Р И Т О Ҷ И К О Н О М А Д !

Қубодиён:  

Андеша: 27-июни соли 1997 дар шаҳри Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари мухолифин С.А. Нурӣ Созишнома дар бораи барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро имзо карданд. Моҷарои душвори чандинсолаи халқи азияткашидаи тоҷик хотима ёфт. Ин дастоварди бузурги халқи тоҷик бо Сарварии Эмомалӣ Раҳмон буд. Барои ба даст овардани ин неъмати бебаҳо роҳбарони ҳамонвақтаи ҳамсоякишварҳо кӯмаки беғаразона карданд. Роҳбарони Федератсияи Россия, Эрон, Афғонистон, Покистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Хитой барои ба даст овардани сулҳи тоҷикон саҳми калон гузоштанд.

Иҷлосияи таърихии тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ба сулҳу Ваҳдати миллӣ ибтидо гузошт. Аз 5-апрели соли 1994 то 27-июни соли 1997 дар гуфтушуниди тоҷикон Президенти Тоҷикистон ҳарчи тезтар ба ҷанг хотима гузошта, гурезагонро ба Ватан оварда, сулҳу салоҳро пойдор намудан мақсади асосии ӯ буд.

Дар ҷашни Ваҳдати миллӣ тоҷикон бо сарварии Пешвои миллат кӯшиш менамоянд, ки тамоми қувваи ақлию зеҳнии худро барои пойдории ваҳдати миллӣ равона созанд. Мо бояд ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром намудан ба сулҳу ваҳдати миллӣ тарбия намоем.

     Ваҳдат ин ганҷест бебаҳо!

     Ваҳдат дарахтест, кӣ  меваи он ширинтар аз ҳама неъматҳост!

     Ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт бояд кард!

Зиёдалиев Ҳилол- Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён.