Занон дар ҷомеъа саҳми арзанда доранд .

Қубодиён:  

Андеша: Чунончи аз гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  занон дар ҷомеаи имрӯза мавқеъи басо муҳим доранд. Зеро сарвари давлат  ҳамеша занонро яке аз нерӯҳои созандаи ҷомеъа дониста, эътимоду боварии худро нисбат ба онҳо баён доштанд. Зан дар оилаи тоҷик ҳамеша нақши асосӣ дошт ва дорад. Зеро иффату зебоӣ, фурӯтанӣ, хоксориву маърифатнокӣ хоси зани тоҷик  буда, ба зиндагии аҳли хонадон таровату тозагӣ мебахшад. Занони тоҷик яке аз беҳтарин занони дунё аз нуқтаи назари адаб ва зебогии маданият мебошанд, кӣ ин  аз суханони   мардуми Аврупо аст. Дар гузашта мардуми тоҷик мегуфтаанд, кӣ зан сад ҷон дорад ва ин шаҳодати он аст , ки занҳои тоҷик хеле пуртоқат  ва ба мисли Гурдофариди шуҷо бо меҳнат ободкунандаи оилаву ватани худ мебошанд. Аз ин рӯ аз оғози  таърих то имрӯз мардуми мо ба маърифатнокшавии  зан аҳамияти хоса дода, кӯшиш намуда истодаанд, ки занон дар ҷомеаи имрӯза пешоҳанг ( пешсаф) бошанд .

Чунон чи шоири забардасти тоҷик гуфтааст :

 

Зиндагӣ  зебост, аммо зеби ин дунё зан аст ,

Машъали оинадору шамъи маҳфилҳо зан аст . 

   

Хаимова Малоҳат - Мудири  бахши кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён