ИСТИҚРОРИ СУЛҲУ СОЗГОРИИ МИЛЛӢ, ТАНТАНАИ ВАҲДАТ ВА ҲАМГИРОИИ МАРДУМИ ТОҶИКИСТОН МЕБОШАД.

Қубодиён: Андеша  

  

Ваҳдати миллӣ рӯзест, ки 27 сол муқаддам, мардуми дар азият кашидаи халқи тоҷик орзӯи онро менамуданд, ки сулҳу субот, оромиш гулгулшукуфои дар кивари азизамон бо номи Тоҷикистон ҳукмфармо гардад. То ба ин санаи муҳими таърихи расидан халқи тоҷик хело ҳодисаҳои мудҳиш ва пурфоҷеаро аз сар гузаронидааст. Ба даст овардани Ваҳдати миллӣ кори мушкил ва то ҳаде имконнопазар гардида буд, зеро аз соли 1992 пас аз ба даст овардани Истиқлолият дар кишварамон ҷанги шаҳрванди оғоз гардида буд, идома дошт.  Дар ин муддат роҳбарони болои тез-тез иваз мешуданд, ваъзият то дараҷае расид, ки имкони дигар баромадан аз ин бӯҳрони ба сари мардуми кишвар омада ва идораи он дар ҳоле ки дар буҷети кишвар як дирҳам набуд, ғайри имкон гардида буд. Дар чунин ваъзияти муташаниҷ, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сулҳу ваҳдати имрӯзи мо ниҳоят бузургу нотакрор аст. Таърих гувоҳи он аст, ки аз соли 1992, вақте ки дар иҷлосияи таърихию тақдирсози XVI Шӯрои Олӣ ин фарзанди фарзонаи миллат қадам ба арсаи роҳбарии давлат ниҳоданд,  аввалин суҳане, ки бо садоқат ва ҳисси ватандӯсти ба мардумаш гуфта шуд, “Ман ба Шумо сулҳ меорам” ва тамоми тоҷикони гуреза гаштаро ба ватанаш бармегардонам ва ин гуна низ шуд. Маҳз ҷуръату матонати беандоза, масъулияти баланди ватандориву ватандӯстӣ ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдат дар кишварамон дар муддати кӯтоҳи таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол барқарор гардид ва берун аз хоки Ватан ҳеҷ як гурезае намонд. Сулҳу Ваҳдати деринтизор маҳз бо шарофатӣ, ин марди майдони сиёсат дар сарзмини қариб пора-пора гаштаи тоҷик қадам ранҷа намуда, барқарор гардид. 26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Маскав бо Вазири корҳои хориҷии Россия Евгений Примаков мулоқот намуд. Дар ин вохӯрӣ масъалаи вобаста ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон мавриди муҳокима ва баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтааст, ин музокира 1171 рӯз давом намуда, санаи 27 июн дар пойтахти Федератсияи Россия шаҳри Маскав ба имзо расид. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз ва таърихиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари иттиҳоди мухолифини тоҷик Саид Абдуллои Нурӣ ва намояндаи махсуси муншии умумии СММ дар Тоҷикистон Герд Дитрих Меррем имзо гузоштанд. Дар маросими имзои Созишнома Президенти Федратсияи Россия Борис Елсин, муовини муншии СММ Маийе, намояндагони мамлакатҳои нозир дар музокироти тоҷикон ва дигар ашхоси расмӣ ҳузур доштанд. 27 июни соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москав аз тариқи телевизион ба мардуми ҷумҳурӣ бо муроҷиатнома баромади пурмӯҳтавое намуд. Баромади сарвари давлатро даҳҳо, садҳо, миллионҳо мардуми тоҷик чӣ дар дохили ҷумҳурӣ ва чӣ дар берун аз ҷумҳурӣ тамошо карданд. Шодию сурури халқи тоҷик ҳадду каноре надошт. Сулҳи деринтизор ба гӯшаю канори Тоҷикистони азияткашида расид. Ин нишот халқи тоҷикро барои фардои гулгуншукуфии Ватан ҳидоят намуда, барои таъмини якпорчагии Тоҷикистон мусоидат намуд. Пайдоиш, ташаккул ва ҳуввияти ҳар як халқу миллатро дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ саргузашту сарнавишти он муайян месозад. Таърихи бою қадимаи кишварамон воқеаҳои сиёсии бузургеро дарбар мегирад, ки ҳар кадоми он дар марҳилаи худ нақши муассире доштанд. Мо низ заҳмату талошҳои Ҷаноби Олиро қадр ба сиёсати пешгирифтаашонро барои сулҳу субот ва ободу зебо гаштани Ватани азизамон дастгири намоем, нагузорем то ҳеҷ нохалафе ангушти иттиҳом ба сӯи кишвари мо зананд. Ҳамеша дар муттаҳидию софдили кор ва фаъолият намуда, барои ободонии кишвари биҳиштосоямон саҳмгузор бошем.

Мудири бахши омор ва Маҳзани ягонаи электронии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён   Шоймардонова Нилуфар.