ВОХӮРӢ БО ҶАВОНДУХТАРОН

Қубодиён:  

Мудири бахши кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Раҳматзода Д.  бо сокинон ва ҷавондухтарони синфҳои болоӣ вохӯрӣ карда, вобаста ба риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», аз худ намудани касбҳои ба талаботи замон мувофиқ, нақши босазо гузоштан дар ободиву пешрафти Ватан ва ҳифзи марзу буми кишвар ва ғайраҳо суханронӣ намуд.