БАРГУЗОРИИ ШАНБЕГӢ ДАР ДАР МТМУ №1

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати ободу зебо ва гулгулшукуфоии ватани азизамон имрӯзҳо тамоми қишрҳои ҷомеа пайваста аз пайи корҳои созандагию бунёдкорӣ мебошанд. Дар доираи аксияҳои ҳизбӣ, баҳри тозаю озода нигоҳ доштани маҳалли зисти худ аъзо ва ҷонибдорони ҳизбӣ паи ободкориҳо ҳастанд.

Илова бар ин, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиии №1  ноҳияи Қубодиён, дар доираи сиёсати созандаи Пешвои миллат, Раиси муаззами  Ҳизби Халқии Демокраии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳрав, заминҳо ва атрофи муассисаи мазкурро тоза намуда ҷӯйбори обравро аз алафҳои худрӯй ва лойҳо тоза намуданд.

   Аъзои ташкилоти мазкур бо шукргузорӣ аз давлати тинҷу обод назди худ мақсад гузоштаанд, ки баҳри покизагии диёри хеш ҳамеша ташаббусҳои Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар ноҳияи Қубодиён арҷ гузошта, ба ҳашари дастҷамъӣ баромада саҳми худро мегузоранд.