ЯКЕ АЗ МАСЪАЛАИ АСОСӢ - ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

Қубодиён: Вокуниш  

Яке аз хатарҳое, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро таҳдид  менамояд, экстремизму терроризм мебошад. Терроризм  аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънояш террор – тарс ва ваҳм аст. Сабабҳои пайдоиши терроризм ва экстремизм инҳоянд. Сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ, ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ, коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ.Чунин рӯйдод имрӯз дар ҳаёти кишвар ба як маъракаи муҳими сиёсии давлатӣ мубаддал гардидааст.Зеро вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла давлатҳои исломӣ хеле муташанниҷ  буда, таъсири он ба тамоми кишварҳои олам, аз ҷумла давлати мо расидааст.

           Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки терроризм  Ватан, мазҳаб ва миллат надорад. Террор кардан ин ҷомеаро ба ҳолати тарсу даҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.Таҳлилҳо нишон медиҳад,ки тӯли солҳои охир гаравидани ҷавонони ноогоҳ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ далели нодониву ноогоҳӣ аз вазъи ҷаҳони имрӯза ва ё тафсири нодурусти авзои ҷаҳон мебошад.Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта,ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта, ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ,фаъолшавии унсурҳои – тундраву ифротгаро ҷалби ҷавонони гумроҳро ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.

              Дар ҳақиқат мушкилиҳое, ки имруз тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст, ин экстремизм ва терроризм мебошад.Моҳи сентябр соли 2015 сафарбар намудани ҷавонони тоҷик ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ, тақсими яроқ ба мардум ва ҳаммаслакони худ гувоҳи аз террористӣ мебошад.

        Яке аз масъалаҳое, ки боиси  нигаронии ҷомеаи кишвар гаштааст, коста шудани маърифату худогоҳии ҷавонон оид ба пос доштани  таъриху фарҳанг, арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии миллӣ, ноогоҳӣ ва сатҳи пасти маърифати ҷавонон мебошад, ки ин боиси гаравидани онҳо ба гуруҳҳои иртиҷоӣ зиёд гаштани майли наврасону ҷавонон ба арзишҳои бегона мегардад.

      Дар замири ҷавонон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи хамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунари муосир, ҷиддияту меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонун ташаккул бояд ёфт.

            Терроризм аз рӯи хусусияташ гуногунҷабҳа буда, дар давраи ҳозира дорои чунин шаклу намуд мебошад ,таркиш, оташ задан, вайрону валангор кардани объектҳои махсусан муҳими манзилгоҳҳо мебошад.Дар вазъияте, ки василаи дурӯғпарокании гурӯҳҳои ифротӣ гардидааст, ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хусусан падару модарронро масъулияти азим мебояд. Фаромӯш набояд кард, ки ба тарбияи насли наврас ва ҷавонон аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан, яке аз омилҳои асосии мубориза бар зидди падидаҳои номатлуби ҷомеаи имрӯза ба мисли терроризм ва ифротгароӣ, маҳсуб меёбад.

 

Мудири бахши кор бо занони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён  Раҳматзода Дилхоҳ