ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ - ҲАДАФИ АСОСӢ

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён дар натиҷаи корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ миёни аҳолӣ ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ҷиҳати таҳкими амнияти озуқаворӣ ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ дидан намуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд.

Дар рафти вохӯрӣ санаи 22-юми апрели соли 2024 аз хонаи Садиров Чорибой, ки истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрави деҳаи Гузариболо дидан намуданд, ки маълум гардид, оилаи Садировҳо  ҳар ваҷаб заминҳои дар ихтиёр доштаашонро самаранок истифода бурда, дар замин помидор, лӯбиё ва картошка кишт кардаанд.