ТАРҒИБИ ТАШАККУЛИ ҲАЁТИ СОЛИМ БО ҶАВОНОН

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди баскетбол байни ҷавондухтарон бо иштироки хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор карда шуд.Санаи 22 апрели соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён ва бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Варзиш» мусобиқаи волейболбозӣ миёни хонандагони муассисаи мазкур баргузор гардида, дар он хонандагони муассиса ҳунари баланди бозии волейбол нишон доданд.