ЛАҲЗАЕ АЗ ТАСВИРИ ТАБИАТ ВА МУЖДА АЗ ФАСЛИ БАҲОРИ ВАТАНИ АЗИЗАМОН ТОҶИКИСТОН

Қубодиён: Андеша  

Субҳи барвақт нурҳои хуршед бо равшанию гармоияш ба кас илҳом мебахшад. Осмони софи Нилуфарӣ ва ҷо-ҷо абр пораҳои сафед дар он шино намуда, талошҳояш ба дили инсон қувват ва ба рӯҳаш оромиш мебахшад. Дар ин субҳи бофурӯз майсаҳои навруи лаби ҷӯй таҳти навои насими форами бофайз мерақсанд. Аз тарафи дигар овози шивир-шивири ҷӯйбор ва насими ҳамовозу ҳамроз мегардад. Ин ҳама зебои таровату сарсабзиву шукуфоӣ басо хушбахти аст, ки Парвардигори ҷаҳон ба инсоният ато намудааст. Пас инсонро мебояд барои ин неъмати бебаҳои Парвардигори олам шукрона намуда, ба қадри обу хок, нозу неъмати бебаҳо ва доштани фасли зебои баҳори чунин ватани зебову дилнишин ва дар сулҳу оромиш қарор доштани Тоҷикистони азизамон шукрона намояд. Вале баъзе аз инсоният ба қадри обу хоки ватан нарасида, дар бисёр ҳолатҳо ба ношукри роҳ медиҳанд. Ба набототу ҳайвонот, муҳити зисти худ, дашту даман ва гулзорҳо бо беаҳамияти намудан, зарари калон мерасонанд ва ҳатто боиси нобуд гаштани онҳо мегарданд. Дар фасли баҳор парандаҳо аз ҳар гушаи дунё ба кишвари биҳиштосои мо омада, аз омадани фасли баҳор бо созу навояш, рақсашон муждаи баҳорӣ мерасонад. Ин фасл ба худ таровати хос дошта, боиси аз нав эҳё гаштани табиат ва ба чаманзору гулзор табдил ёфтани он мебошад. Дар ҳар субҳи баҳори булбул ба навои зебою дилнишинаш ба қалбҳои инсон ҳаловат ва ба вуҷудаш оромиш ато менамояд. Дар ин субҳи зебои баҳорӣ диққати моро сӯҳбати ду парандаи ташнаи дидор шайдову ошиқ ба ҳамдигар ҷалб намуд. Паранда дар шоҳи дарахт нишаста буд ва барои маъшуқааш бо овози фораму дилнишинаш аз ишқи пурсӯзу гудоз аз фироқи ёр сӯҳбат менамуданд. Оҳу фиғони паррандаи хурду маъсум замину замонро зер намуд,а аз дидор бо якдигар хушҳолӣ менамуд. Пас аз лаҳзае майсаву гулҳои лаби ҷӯй бо табассум ва нозуки ғамҳои парандагонро раф намуда, бо ҳам дар осмони софу беғубори Нилуфарӣ  дар ҳоли парвозкунон ба сафар баромаданд. Воқеан фасли баҳор бо омаданаш мӯҷизаҳои зиёде меорад. Дар ин фасл деҳқонон ба кишту кор, бонувони ҳунарманд аз хурду калон ба омода намудани суманак, хӯришҳо аз кабудиҳо ва намудҳои гуногуни хӯрокҳои болазати баҳорӣ машғул мегарданд. Бонувон либосҳои идона аз қабили атласу чакан ба бар намуда, дар гирди суманак базм ороста рақсу бозӣ мекунанд ва мардони деҳа бошад, дар теппаҳо гурӯҳ-гурӯҳ ҷамъ омада бозиҳои гуногун аз қабили бузкашӣ, гӯштингирӣ, бандкашӣ ва паридан аз болои оташро анҷом дода, бо ҳам хушҳолӣ менамоянд. Ин анъанаву урфу одат аз замонҳои қадим аз насл ба насл талқин ёфта, то ба замони мо омада расидааст ва моро мебояд, ки урфу одату анъанаи аҷдодонамонро пос дошта, нагузорем аз байн равад. Барои давомдор будан ва ҷо гузоштан ба наслҳои оянда моро мебояд, анъанаву урфу одатҳоро нигоҳ дошта, ба наслҳои оянда омӯзиш бидиҳем, то ки онҳо низ аз таърих, маъданияти моддию маънавии бою ғании гузаштаи хеш бархӯрдор бошанд ва азизу арҷманд гузоранд. Зеро шахсе ки, аз гузаштааш бархӯрдор нест, наметавонад инсони комил бошад.

                     Омад баҳору сайри гулистон ғанимат аст,

                      Базми висолу ғунчаи хандон ғанимат аст.

                      Бо қомати ҳамида равам сӯйи бӯстон,

                      Назорраи бунафшаю райҳон ғанимат аст

             

        Мудири бахши омор ва Маҳзани ягонаи электронии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён   Шоймардонова Нилуфар.