ВОХӮРӢ БО КОРМАНДОНИ ТИ "ФАРҲАНЧИЁН"

Қубодиён:  

Тибқи нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори ноҳияи Қубодиён дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо сокинони деҳаву маҳаллаҳо бахшида ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” санаи 19 апрели  соли равон дар  ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Фарҳангчиён"  дар ноҳияи Қубодиён бо кормандони ташкилоти ибтидоӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

       Зимни вохӯрии мазкур масъулони вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, иброз доштанд, ки ҷавонони даврони истиқлол дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ва пайравони Пешвои миллатанд. Ҷавонон бояд, дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, баҳри тарғиби ҳар чӣ бештари худшиносиву худогоҳии миллӣ, хештаншиносӣ ва ватандӯстии ҷомеа талош варзанд. Бо ин васила мо метавонем дар ободию пешрафти ватани азизамон саҳмгузор бошем.