ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ - ҲАДАФИ АСОСӢ

Қубодиён:  

Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён дар натиҷаи корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ миёни аҳолӣ ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ҷиҳати таҳкими амнияти озуқаворӣ ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ дидан намуда корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд.

Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мактаб-интернат ” бо мақсади истифодаи оқилона ва самараноки заминҳои  наздиҳавлигӣ, инчунин беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ ва дар доираи ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, дар замин бо назардошти мавсими кишту кор ва зироатҳои гуногун кишт намуданд.