ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД МУҚОБИЛ БА АМАЛҲОИ НОМАТЛУБ ВА ТАҲҚИРИ ШАЪНУ ШАРАФИ ИНСОН

Қубодиён: Вокуниш  

         Ҳуқуқу озодиҳои инсон дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ба танзим дароварда мешавад. Пеш аз оне, ки сухан дар бораи мафҳуми                      шиканҷа    ва таҳқири шаъну шарафи инсон сухан ронем лозим аст, ки дар бораи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва қонунҳое ки поймолшавии ҳуқуқҳои шахсро пешгирӣ мекунад ва ба танзим медарорад, маълумот диҳем. Мувофиқи моддаи 5 Конститутсияи                             Ҷумҳурии Тоҷикистон «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Хуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».                      

     Дар боби 2-и моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин гуфта шудааст. “Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд”. Як қатор санадҳои  меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ, оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон қабул карда шудааст, ба ин гуна санадҳо дохил мешаванд: “Эъломияи умумии ҳуқуқи башар”, “Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ”, “Паймони байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқҳои шахсӣ ва сиёсӣ”, “Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф” ҳифз карда мешавад.

   Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як шахс новобаста аз шаҳрвандӣ дорои чунин ҳуқуқҳои шахсӣ мебошад: ҳуқуқ ба ҳаёт; озоди аз ғуломӣ; дахлнопазирии шахсӣ; озоди аз шиканҷа, ҷазои сахт, муносибати ғайриинсони ва таҳқиркунандаи шаъну шараф; дахлнопазирии манзил: озодии сухан; озодии виҷдон; ҳуқуқ ба мусофират ва муҳоҷират; озоди аз ҳабси беасос; эҳтимолияти бегуноҳи ва ғ. Ҳуқуқхои сиёсӣ: Дар низоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ мавқеи махсус доранд. Нисбат ба дигар гурӯҳи ҳуқуқу озодиҳо, ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ асосан барои шаҳрвандон тааллуқ доранд. Бо истифодаи ин ҳуқуқҳо шаҳрванд дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлат иштирок менамояд. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои чунин ҳуқуқҳои сиёсӣ мебошанд: иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ (ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шудан); ҳуқуқи муттаҳид шудан; ҳуқуқи шахсан ё якҷоя бо дигарон ба мақомоти давлати муроҷиат намудан; ҳуқуқи иштирок дар гирдиҳамоӣ, маҷлис, раҳпаймоии осоишта ва намоиш, ки қонун иҷозат додааст. Тамоми одамон озод ва аз лиҳози шарафу ҳуқуқ бо ҳам баробар ба дунё меоянд. Онҳо соҳиби ақлу виҷдонанд ва бояд бо якдигар муносибати бародарона дошта бошанд (моддаи 1 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар); Ҳеҷ кас набояд таҳти азият ё муомила ва ҷазои сахт, ғайриинсони ё таҳқиркунанда қарор дода шавад (моддаи 5 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар); Ҳуқуқ ба ҳаёт ҳақи ҷудонопазири ҳар як инсон мебошад, ки  ин ҳуқуқ тавассути қонунҳои амаликунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмиллалие, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, ҳифз карда мешавад. “Ҳеҷ кас наметавонад худсарона аз ҳаёт маҳрум карда шавад”, “ҳеҷ кас набояд таҳти азият ё муомила ва ҷазои сахти ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шарафи ў қарор дода шавад”. (қисми 1 моддаи 6 Паймони байналмиллали оид ба ҳуқуқҳои шахсӣ ва сиёсӣ);   дар қисми 1 моддаи 1 Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф дарҷ карда шудааст. Шиканҷа ин ҳама гуна амале мебошад, ки ба воситаи он ба ягон шахсе қасдан ё бо дигар сабаби ба табъизи дорои ҳама гуна хислат асосёфта, дарду азоби сахт, азоби ҷисмонӣ, маънавӣ расонида мешавад, то ӯро ба иқрор шудан маҷбур созанд, барои амалҳои содирнамудааш ва ё ҳамчун гумонбар шуданаш дар содир намудани амали ҷиноӣ ҷазо диҳанд. Тибқи талаботи моддаи 21 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чунин гуфта шудааст: “Ҳуқуқи ҷабрдидаро қонун ҳифз мекунад. Давлат ҳифзи судӣ ва ҷуброни зарарро барои ҷабрдида кафолат медиҳад”. Ин амалҳои номатлуби ҷомеа дар баъзе аз қишрҳои ҷомеа ва бештар нисбати занон ҳоло ҳам мутаасифона ба назар мерасанд. Яке аз сабабҳои содир намудани чунин амалҳои номатлуб аз надоштани таассурот, дониши кофӣ, надонистани ҳуқуқҳои шахсӣ ва қонунҳои амаликунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин лиҳоз барои кам намудани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткори дар тамоми самтҳо ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомали Раҳмон соли 2024-ро соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намуданд. Мо ҷавонон сиёсати пешгирифтаи Ҷаноби Олиро ҷонибдори намуда, корҳои фаҳмондадиҳиро дар якҷояги бо мақомоту ташкилотҳо, ходимону намояндагони динӣ ва фаъолони ҷомеа дар байни аҳоли ҷоннок намуда, баҳри бархӯрдор будани шаҳрвандон аз ҳуқуқҳояшон пайваста талош меварзем.

           Мудири бахши омор ва Маҳзани ягонаи электронии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён   Шоймардонова Нилуфар.