ТАРҒИБИ ЛИБОСИ БЕГОНА ЯК РАВАНДИ ТАШВИШОВАРИ ҶОМЕА

Қубодиён: Андеша  

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханронии хеш тамоюли нохушоянди бегонапарастӣ, тарғиби либосҳои бегона ва анъанаҳои фарҳанги дигарон таъкид намуда буданд: “Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару  либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад. Агар  иддае ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспӯшӣ завқ пайдо карда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд  дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд”.

     Дар воқеъ, ин рафтори номатлуби  як идда занону духтарони мо, аз як тараф, ба ноогоҳии онҳо аз анъанаҳои суннатии либоспӯшии гузаштагони мо далолат кунад, аз тарафи дигар, бемасъулиятии комил зоҳир намудани онҳо аст.Ба марҳилаҳои гуногуни таърихи пурғановати ниёгон назар афканем сару либоси занону бонувони тоҷик  дар ҳеҷ давру замон тақлиди кӯркӯронаи  идеалҳои динҳои гуногун набуд, баръакс либосҳои исломии миллишудаи тоҷикон падидаи арзишманде буданд, ки дар баробари мансубияти диниро таҷассум кардан, ҳуввияти миллии моро низ барҷаста нишон медоданд.

    Дар фарҳанги тоҷикӣ сатр ба маънои “сару гарданро бо руймол пӯшонидан” тибқи муқаррароти суннату анъанаҳои миллӣ ва шароити тибиию ҷуғрофӣ  навсозӣ карда шуд. Имрӯз низ дар масъалаи истифодаи либосҳои бешармонаю ношоиста ва таблиғи  сатру ҳиҷоб аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатдор, мутаассифона, қишрҳои аз нигоҳи  тарбияи ахлоқӣ ноустувор ва эҳтиёҷманди аҳолӣ васеъ ҷалб карда мешаванд. Ин гуна бесатрону сатрпӯшон ба ахлоқу эътиқод ҳеҷ вобастагие надоранд ва рафтори онҳо ба ҷуз як навъ тақлидкорӣ  чизи дигаре нест.

    Зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон  посдори оину анъанаҳои муқаддаси  халқу миллат ба шумор мерафт.Яке аз нишонаҳои асосӣ ва хосаву муаррифгари фарҳангу тамаддуни миллатҳои дунё либоси миллии онҳост ва вақте  сухан аз ин хусус меравад, ҳатман пеши назар симои занон бо сару либоси миллӣ- атласу адраси Суғд, гулбасту чакани Хатлон, гулдӯзиҳои нотакрори минтақаи Рашт, алочаву шоҳии водии Ҳисор, рангҳои пурҷилои куртаву тоқӣ ва ҷӯробҳои Бадахшон меояд.

    Либоси миллии мо, ки нишон аз фарҳанги мост, пас моро зарур аст, ки фарҳанги миллиро бо тақлидҳои кӯркӯрона ба бегонагон фасод насохта, онро бо тамоми нозукиҳояш ба насли оянда мерос гузорем.

     Мақсад аз таҳияи ин навиштаҷот  санг задан  ба касе ва ё чизе нест,  балки ёдоварӣ аз он, ки маҳз ҳамин  фарҳанги либосдорию либоспӯшии гузаштагонамон буд, ки дар тули таърих маданияти ин миллатро бегазанд то ба имрӯз нигоҳ доштанд ва ба ҷаҳониён  муаррифӣ намуданд. Аз ин рӯ  моро мебояд он либосҳоеро ба бар намоем, ки дар худ  арзишҳои фарқкунандаи ахлоқиву фарҳангии миллиамонро инъикос намояд.

 Мудири бахши кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Қубодиён Раҳматзода Д.