ФАЪОЛИЯТИ ҶАМЪБАСТИИ СЕМОҲАИ ЯКУМИ ТИ ҲИЗБИИ “ҶАМОАТИ ШАҲРАК”

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷамоати шаҳрак” маҷлиси ҳисоботӣ бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Хаимова Малоҳат ва фаъолони  ҳизб баргузор гардид. Нахуст  зимни баргузории маҷлис ҳисоботи семоҳаи раиси ташкилоти  ибтидоии  ҳизбии “Ҷамоати шаҳрак” шунида шуд. Қайд гардид, ки ташкилоти  ибтидоии  “Ҷамоати шаҳрак” дар се моҳаи соли ҷорӣ  фаъолияти назаррас намуда, оид ба амалӣ  гардонидани  ҳадафҳои созандаи  ҲХДТ ва корҳои назаррасеро анҷом додааст.

       Баъди ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ, муовини раиси Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Хаимова Малоҳат баромад намуда, иброз дошт, ки барои ба таври зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти ҳизбӣ, ҳаракати аъзои ҳизб дар ташкилот ва дар амал татбиқ  намудани ҳадафҳои  барномавию оинномавии ҲХДТ ҳар як аъзои ҳизби ташкилот бояд саҳмгузор бошад.