ҲИСОБОТӢ СЕМОҲАИ ЯКУМИ ТАШКЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ИДОРАИ КИШОВАРЗӢ”

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Идораи кишоварзӣ” маҷлиси ҳисоботи  бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Хаимова Малоҳат ва фаъолони  ҳизб баргузор гардид. Сараввал  зимни баргузории маҷлис  ҳисоботи семоҳаи раиси ташкилоти  ибтидоии  ҳизбии “Идораи кишоварзӣ”   шунида шуд. Қайд гардид, ки ташкилоти  ибтидоии  “Идораи кишоварзӣ” дар се моҳаи соли ҷорӣ  фаъолияти назаррас намуда, оид ба амалӣ  гардонидани ҳадафҳои созандаи  ҲХДТ ва корҳои назаррасеро анҷом додааст.

       Баъди ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Хаимова Малоҳат баромад намуд.