МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ТИББИ ХАЛҚӢ”

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тибби халқӣ” маҷлиси ҳисоботӣ  бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Хаимова Малоҳат ва фаъолони  ҳизб баргузор гардид.    Нахуст дар маҷлис  ҳисоботи семоҳаи раиси ташкилоти  ибтидоии  ҳизбии “Тибби халқӣ”   шунида шуд.

Қайд гардид, ки ташкилоти ибтидоии “Тибби халқӣ” дар се моҳаи соли ҷорӣ фаъолияти назаррас намуда, оид ба амалӣ  гардонидани  ҳадафҳои созандаи  ҲХДТ ва корҳои назаррасеро анҷом додааст.

       Баъди ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ, муовини раиси  Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Хаимова Малоҳат баромад намуд.