ИШТИРОКИ АЪЗОЁНИ ТҶҶ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН” ДАР АКСИЯИ ҲИЗБИИ "ОБОДКОРИ МАРОМИ МОСТ"

Қубодиён: Созандагони ватан  

Дар асоси Нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён ҳар рӯзи панҷшанбе тамоми кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Қубодиён, аъзои фаъоли ҲХДТ ба таври оммавӣ Аксияи ҳизбиро зери унвони "ҲХДТ - ҳизби созанда ва бунёдкор" бахшида ба 30 - солагии ҲХДТ ҳамчун рӯзи ободониву созандагӣ" дар сатҳи баланд баргузор менамоянд.

Дар ҳашари мазкур аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”- и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён саҳми худро гузоштанд.