ДАСТГИРИИ НИЁЗМАНДОН ДАР АРАФАИ ИДИ САИДИ ФИТР

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дарахт бо обу инсон бо меҳр месабзад. Аз рисолати инсонист агар шахс як эҳтиёҷманд ё маъюбро дар ҳолати нороҳатию афсурдагӣ бинад, ӯро хурсанд ва эҳсоси маъюбиро аз ӯ дур кунад. Бо пуштибонӣ аз сиёсати инсондустонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иди Шарифи Фитр раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии   “Ҷ/д Заркамар” ба аёдати чор оилаҳои ниёзманд, истиқоматкунандаи деҳаи Советободи Ҷамоати деҳоти Заркамари ноҳия рафта, ба онҳо кӯмаки ғизоӣ расониданд.

Ҳамзамон аёдатшудагон даст ба дуо бардошта миннатдории худро ба Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расониданд, ки эҳтиёҷмандони ниёзмандон, маъюбону барҷомондагон доимо зери таваҷҷӯҳи давлату Ҳукумат қарор доранд ва пайваста дастгирӣ меёбанд.