МОДАРОН  НУРИ  ЧАШМИ  ФАРЗАНДОН  АСТ!

Қубодиён: Андеша  

Модар гаронарзиштарин неъмати дунёст, беназиртарин ҳадяи Худовандист. Модар бақои зиндагонист, беҳтарину беозортарин шахсияти олам аст. Модар фаришта аст, фаришта. Чунончи устод Озар қайд кардаанд;

Модар фаришта буд, фақат болу пар надошт,

Шояд, ки дошт болу пар, аммо хабар надошт.

Аҷаб шахсияте дорад модар, хандааш ба дунё баҳор меораду оламро гулистон месозад. Модар ҳамчун офтоби самост, ба дунё нуру зиё оварда, гармию ҳаловат мебахшад, маҳтоби шабҳост, торикиро равшан месозаду чун об ҳаёт мебахшад. Чашмони модар нури дунёсту бӯи модар насими ҷаннат аст.

Обрӯи аҳли дил аз хоки пои Модар аст,

Ҳар чӣ дорад ин ҷамоа аз дуои Модар аст.

Он чь дар васфи биҳишт фармуд Қуръони карим

Соҳиби Қуръон бигуфто; “Зери пои модар аст”.

   Дар зер ҳикояте меорам, ки чунин воломақомии модарро нишон медиҳад;

Замоне дар деҳаи мо зане бо шавҳараш зиндагӣ мекард. Онҳо муддати чанд сол бефарзанд буданд. Баъдан аз ятимхона як духтараки бисёр нозанинеро ба фарзандхондагӣ гирифтанд.Бо мурури замон духтарча калон мешаваду аммо,мутаассифона, содалавҳ ба воя мерасад. Бо вуҷуди ин модархонд бисёр дӯсташ медошт, зеро ягона фарзанд буд ва саодатии ӯро модар кори тақдир  мешумурд. Ин духтарак бо содадилии худ модарашро ранҷ медод, нигарон мекард, вале он зан бо қалби модаронаи худ фарзандашро мебахшиду навозиш мекард, чунки модар дили бузургу бахшанда дорад.

     Аммо духтарак бо гузашти замон ба бемории сахт гирифтор мешавад.Ҳарчанд вазъи иқтисодии падару модар хуб набуд, онҳо аз ҳар ҷо қарз карданро ихтиёр мекунад, аммо маблағ бо ин ҳам кифоят намекард. Оқибат хонаашонро низ фурӯхтанд, то ягона фарзандашро табобат кунанд.Духтаракро барои муолиҷа хориҷ аз кишвар фиристоданд.

 Хушбахтона, баъд аз муддатҳои зиёд духтарак дар он ҷо табобат ёфт.Модар аз иқболи баланди худ меболид. Ӯву шавҳараш тамоми дороияшонро фидо кардаанд , вале ғамгин набуданд, чунки сарвати бебаҳои худфарзандашонро  аз даст надоданд.

      Домони модар коинот асту мо каҳкашони ӯем. Модар муъҷизакор аст, дунёи ишқ аст,кишвари меҳр асту подшоҳи бахшанда. Роҳи модар ҷодаи хушбахтист, кулбаи модар ибодатхона аст;

Кашфи асрори ду олам саҳлу осон аст,лек

Саҳл набвад кашфи сирри як ҷаҳони модарон.

Аз чӣ ту умре биҷӯи ганҷ аз қаъри замин?

Ганҷ хоҳӣ, ёб қалби меҳрубони модарон.

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Хаимова Малоҳат