АКСИЯИ ҲИЗБӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси Нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён ҳар рӯзи панҷшанбе тамоми кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Қубодиён, аъзои фаъоли ҲХДТ ба таври оммавӣ Аксияи ҳизбиро зери унвони "ҲХДТ - ҳизби созанда ва бунёдкор" бахшида ба 30 - солагии ҲХДТ ҳамчун рӯзи ободониву созандагӣ" дар сатҳи баланд баргузор менамоянд.

Чунин иқдом имрӯз дар ташкилоти ибтидои ҳизбии “Боғчаи бачагонаи №1” бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён аз ҷониби аъзоёни ҳизб барои ободу зебо гардонидани заминҳои гирду атрофи муассиса баргузор гардид.

Аъзоёни ташкилоти ибтидоии мазкур дар ҳамбастагӣ бо кормандон бо меҳнати софдилона атрофи гулҳову дарахтонро нарм карда ва ба онҳо об доданд. Инчунин гирду атрофи бинои боғчаи мазкурро ободу зебо гардониданд.