ДАСТГИРИИ НИЁЗМАНДОН ДАР АРАФАИ ИДИ САИДИ ФИТР

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоқикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ба панҷ нафар оилаҳои ниёзманд кумакӣ молиявии яквахтаина бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллозода Ваҳобиддин, сардори агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Қубодиён Саидова Дилрабо расонида шуд.

Ҳамзамон, аёдатшудагон даст ба дуо бардошта миннатдории худро ба Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расониданд, ки эҳтиёҷмандони ниёзмандон, маъюбону барҷомондагон доимо зери таваҷҷӯҳи давлату Ҳукумат қарор доранд ва пайваста дастгирӣ меёбанд.