ЗАБОНИ МО - ҶАҲОНИ МО!

Қубодиён: Андеша  

Забон ояд ба кас бо шири модар,

Аз ин рӯ асли ҷон аст, асли ҷон аст.

 Забони модарӣ лафзи бузург ширину муқаддасест, ки барои ҳар як инсони комил баробари пайдо шудан ҷон дар бадан пайдо мешавад. Ҳанӯз тифле, ки низ ба олами ҳастӣ чашм кушодааст ба аллаи модар, ки бо забони модарӣ сурат иегирад, ниёз дорад ва таҳти навои форами он худро озоду бофароғат ҳис мекунад, унс мегирад, интизорӣ мекашад. Забони баландҳиммате,  ки Саъдию Ҳофизи бузург, Синою Хайём, Бедилу Низомии зиннатофарини ҳаёт бо он ҳарф мегуфтанд. Забоне, ки Айниву Лоҳутӣ, Мирсаиду Турсунзода, Бозору Лоиқ номдораш гардонидаанд, ки имрӯз аз ҳастии бузургаш меболем.

Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимаи дунё ба ҳисоб рафта, таърихи бузург дорад. Имрӯз ин забони муқаддасро чун забони бузурги тамаддуни башарӣ ҳамагон мешиносад ва мехоҳанд онро биомӯзанд. Аз ин лиҳоз мо соҳибзабонон вазифадорем,ки забони бузурги модариамонро поку беолоиш нигоггҳ дошта дар тозагиву равонии он ҳамарӯза саҳмгузор бошем.

Вазифаи ҳар як тоҷикзабонон пеш аз ҳама дар он аст, ки барои поку беолоиш аз камбудиву нуқсонҳо арзи вуҷуд намудани забони модариааш ғаюр бошад. Дар баробари омӯхтани забони дигар донистани забони миллати худро аввалиндараҷа донад. Воқеан ҳам агар шахс бо забони хеш фасеҳу равон ва дуруст сухан ронда тавонад, омӯзиши забони  ғайр ба ӯ осон мегардад.

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад

Донистани сад забон осон гардад

   Ба ифодаи Турсунзодаи бузург; “Забони мо хеле устувор аст, мо имрӯз ҳам ашъори Рӯдакиро бо бо нусхаи аслаш мутолиъа мекунем”

Пас бе мулоҳиза метавон гуфт, ки забони тоҷикӣ чун лафзи фасеҳу равон соддаву фаҳмо аз замони Рӯдакии бузург вуҷуд дошта, дар ташаккули забони порсии дарӣ саҳми босазое гузоштааст.

Забони модарӣ аз давраи  ташаккули худ то ба имруз  аз ҷиҳати луғат ва сохтори наҳвию услубӣ кам ба дигаргунӣ дучор шудааст ва аз ҳамин  лиҳоз дар байни дигар забонҳо ягона забонест,ки тақрибан вазъи беш аз ҳазорсолаи худро нигоҳ доштааст.

Боиси хушнудист, ки аз соли 1989  22-июл бо қарори Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ  -забони тоҷикӣ эълон гардидааст  5-октябри соли 2009 таҳти рақами 553 Қонун дар бораи забон дар  таҳрири нав қабул гардид, ки вазъи  ҳуқуқи забонро муайян мекунад. Мувофиқи ин қарор коргузории тамоми корхонаву  муассисаҳо ва мактаб бо забони давлатӣ сурат мегирад.

Дар баробари ин қонун ба мо имконият медиҳад,ки ҷаҳони фитрии мо пайваста дар рушд бошад ва аз навгониҳои олами муосир ҳар як нафар дар ҷомеъа доимо баҳравар бошад. Ҳамзамон комёбӣ ва муваффақиятҳои худро ҳар як шаҳрванд метавонад пешниҳоди ҷомеа гардонад. Боистӣ гуфт, ки имрӯз  ҳамватанони мо дар тамоми гӯшаву канори ҷаҳон бо кору фаъолияти гуногун машғуланд ва дар кишварҳои мухталиф муаррифгари миллату фарҳанги худ ҳастанд.

Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,

Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.

Дар баробари ин, бояд ҳар як тифли тоҷик дар руҳияи гиромидошти арзишҳои миллӣ ба воя расад, зеро он имкон медиҳад, ки аз рӯзи аввал фарзанди тоҷик чун пайванди наслҳои дирӯзу имрӯзи тоҷикон калон шавад ва ба қавли шоир дунёи худро “тоҷикӣ” бунёд намояд.

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Хаимова Малоҳат